Раиси Суди Олӣ, Шермуҳаммад Шоҳиён натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли сипаригаштаро баррасӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 142 ҳазору 859 парванда аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва судҳои поёнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5874 адад камтаранд.
Шоҳиён вобаста ба риоя нашудани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр кард, ки дар шаш моҳ 660 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба нақзи танзим баррасӣ ва нисбати 648 нафар ба маблағи 3млн. 133 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст.