Ҳамчунин, як миқдор маҳсулоти ғайрихӯроквории ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй набуда аз муомилот гирифта шуда, ба коркарди дубора ё нобудсозӣ равона карда шудаанд.
- Аз ҳисоби масолеҳи сохтмонӣ 3 ҳазору 539 кг, фурӯзонакҳои тафсон - 2347 дона, каммасраф - 1236 дона ва 82 ҳазору 876 дона бозичаҳо мусодира шудаанд. Дар ин миён маводи парфюмерии ширкати «Фаберлик» низ маҳсулоти пастсифати худро ба фурӯш баровардааст, ки ҳангоми корҳои назратӣ 16 ҳазору 124 адад маҳсулоти ширкати мазкур аз муомилот боздошта шуд,-иброз дошт номбурда.
Бо мақсади пешгирии фиреби истеъмолкунандагон бо истифодаи тарозуҳо ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷониби агентӣ айни замон дар ҳама бозорҳои шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад тарозуи назоратӣ насб карда шудааст. Дар онҳо навиштаҷоти «Тарозуҳои назоратӣ» дарҷ шуда, харидорон метавонанд аз ин воситаҳои ченаки назоратӣ истифода намоянд.