- Аз миқдори зиёди омӯзгороне, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дарс мегӯянд, наздики 70 фисадашонро занон ташкил медиҳанд. Аммо, дар шаҳру марказҳои ноҳияҳо теъдоди онҳо то ба 90 дарсад мерасад. Мутаасифона, дар баъзе деҳаҳои дурдаст миқдори занҳои омӯзгор каму мардҳо зиёд мебошад,-иброз дошт Н.Саид.
Ба иқрори вазир, сафи занон ҳамчунин дар вазифаҳои роҳбарӣ меафзояд. Имрӯз бонувон ба ҳайси мудирони боғчаҳо, директорони мактабҳои миёна ва ректорони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ фаъолият мекунанд.
- Айни ҳол дар муассисаҳои таълимӣ 122 ҳазору 270 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам норасоии кадрҳо ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки наздики 20 ҳазор омӯзгори ғайриихтисос дар муассисаҳои таълимӣ дарс мегӯянд. Онҳо ҳамасола курсҳои кутоҳмуддатро ба анҷом расонида, соҳиби сертификат оиди фанни ғайритахассусӣ мегарданд,- гуфт вазири маориф ва илми ҶТ.