Дар баробари таҳсили ҳамватанони мо дар хориҷӣ кишвар, инчунин, хориҷиён низ барои идомаи таҳсил дар макотиби олӣ ба Тоҷикистон меоянд.
- Дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6257 донишҷӯ аз хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2401 нафар зиёд мебошад. Танҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 ҳазору 824 нафар дар шӯъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварамон таҳсил менамоянд,-иброз дошт мавсуф.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 40 макотиби олӣ ва 72 коллеҷ амал мекунанд, ки ҳамасола ин муассисаҳои таълимиро донишҷӯёни зиёд тариқи шартнома ва буҷавӣ хатм менамоянд.