- Соли 2018 ба ҷумҳурӣ 27 955 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 - 23260 тонна кам мебошад. Маҳсулотҳо гӯштӣ ба Тоҷикистон бештар аз давлатҳои ИМА, Канада, Туркия, Лаҳистон, Россия ва Украина ворид карда мешаванд. Воридоти маҳсулоти ширӣ бошад нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 2117 тонна зиёд гардидааст. Бо сабаби рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар воридоти тухм, нисбати соли 2017 - 8 111 тонна кам ба қайд гирифта шудааст,- қайд кард Ф.Камолзода.