- Мо аз мушкили корхонаҳо пурсон шуда, ба онҳое, ки танқисии молиявӣ доранд, дар тартиб додани нақшаи тиҷоратӣ кӯмак ва ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод кардем, ки эшонро барои ворид намудани таҷҳизоти корӣ аз боҷи гумрукӣ озод намоянд», - қайд кард М.Зувайдзода.
Дар идомаи нишаст зикр гардид, ки дар мавриди васеъ кардани ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор қарорҳои дахлдор бароварда шуданд ва айни замон ҳуҷҷатҳои омодагардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод гардидаанд.
Қайд карда шуд, ки айни замон ҳудуди шаҳри Душанбе 12,5 ҳазор гектарро ташкил дода, баъд аз амалӣ гардидани нақшаи васеъгардонии пойтахт масоҳати он ба 20 ҳазору 318 гектар хоҳад расид.
- Дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, ки ҳудуди шаҳри Душанбе ба 40 ҳазор гектар расонда шавад, - гуфт Зувайдзода.