- Нафарони зиёд солҳост барои ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдак дар навбатанд, онҳо мехоҳанд кӯдаки солимро ба парасторӣ бигиранд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки бештар аз кӯдакони мубталои бемориҳои гуногуни зеҳниву равонӣ даст мекашанд. Ин ҳолат боис мегардад, ки оилаҳои бефарзанд кӯдакони яке аз хешовандонро ба фарзандӣ бигиранд. Бо сабаби сари вақт омода накардани ҳуҷҷати фарзандхондӣ, ҳатто надоштани шаҳодатномаи таваллуд баъди гузаштани солҳо ва пайдо шудани нофаҳмиҳову дудила гардидани падару модари биологӣ байни ҳар ду оила муноқишаҳо сар мезананд. Маслиҳати ман ин аст, ки фарзандхондӣ бо роҳи қонунӣ сурат гирад, то дар оянда кӯдакон аз нигоҳи равонӣ ва зеҳнӣ осеб набинанд, - қайд кард Ҳабибуллозода Раҷабмо, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак.