- Таҷрибаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ нишон дод, ки ба кишвар аз ин роҳ фоидаи зиёд меояд. Аз ин рӯ, пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, ки айни ҳол мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор дорад, мавриди баррасист,-иброз дошт мавсуф.
Гуфта мешавад, ки ин роҳ бо маблағи 97 миллион доллар грант ва қарзи Бонки осиёгии рушд, инчунин, бунёди Опек бозсозӣ гардида истодааст. Аз буҷаи Тоҷикистон барои бозсозӣ роҳ 17 миллион доллар ҷудо гардидааст.