Сабаби ба ҷиноят даст задани ноболиғонро Прокурори генералӣ дар бемасъулиятии волидайни эшону атрофиёнашон ва бе шуғл мондани онҳо маънидод кард.
Ҳамзамон бо дахли риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» Юсуф Раҳмон афзуд, ки соли сипаришуда зимни санҷишҳо вобаста ба риояи қонуни мазкур қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 2770 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд. Ҳамзамон нисбат ба 170 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.