Мавсуф иқрор омад, ки таҷрибаи се соли фаъолият доштани Кумитаи рушди маҳал собит кард, ки баъзе қонунҳои ҶТ, ки вобаста ба маҳал дар амал иҷро намешуданд, масалан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мавриди иҷро қарор гирифтанд.
- Дар рафти санҷишҳо маълум шуд, ки дар бештари ҷамоатҳо роҳбарон аз ваколатҳои худ бехабаранд. Ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ камбудиҳо ислоҳ гардиданд ва итминон дорем, ки зимни ҳамкориҳои судманд бо раисони шаҳраку ҷамоатҳо ва маҳалҳо мушкилиҳои ҷойдошта бартараф ва мардум аз кори кумита ризоманд хоҳанд шуд.