Умоналӣ Усмонзода гуфт, тайи 25 соли охир бори аввал истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ 1,5 маротиба зиёд гардидааст. Яъне, соли 2018 зиёда аз 1,5 миллиард кВ соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. «Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз ҳам Барқи тоҷик дар назди андоз қарздор боқӣ мондааст», - иброз дошт мавсуф.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки истихроҷи нафт дар соли 2018-24 ҳазор тонна ва истихроҷи газ 910 ҳазор метри кубиро ташкил намуда, дар давраи ҳисоботӣ 380 ҳазор тонна гази моеъ ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст. Қайд гардид, ки соли сипаришуда аз ҷумҳурии Ӯзбекистон 54 миллион метри кубӣ газ харидорӣ шуда, аз рӯи нақша ин нишондод дар соли ҷорӣ ба 200 миллион метри кубӣ расонида мешавад. Айни ҳол аз гази Ӯзбекистон танҳо корхонаҳои саноативу истеҳсолии кишвар истифода менамоянд. Гуфта мешавад, ки дар сурати таҷдиду азнавсозӣ гардидани қубурҳои газгузар, биноҳои баландошёна низ солҳои наздик бо газ таъмин хоҳанд шуд.