- Аз он ки соли гузашта барои соҳаи кишоварзӣ обу ҳаво чандон мусоид набуд, новобаста ба ин ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои манфии табиат, барои кӯмак ва дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ дар самти парвариши зироатҳо ва фаровонии бозори истеъмолии кишвар олимону мутахассисони таҷрибаозмудаи соҳаи кишоварзӣ бо хоҷагидорону деҳқонони шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамкорӣ доштанд. Ин буд, ки соли сипаригашта дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба хориҷи кишвар 136 900 тонна меваю сабзавот ба маблағи 16 млн. 302 ҳаз. 403 доллари ИМА содирот гардид.
Мавсуф таъкид кард, ки ҷиҳати осон шудани кори хоҷагидорон ва аз байн бурдани меҳнати дастӣ, вазорат бо корхонаи истеҳсолии Белорус ҳамкориро ба роҳ монда, айни ҳол намудҳои гуногуни техника ва мошинолотҳои замонавӣ ба Тоҷикистон ворид ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ба воситаи мошинолотҳо имкони ҷамъоварии зироату меваҷоти дар таллу теппаҳо рӯёндашуда низ вуҷуд доштааст.
- Дар ин самт дастовардҳои олимони ватанӣ низ чашмрас мебошад. Масалан, корхонаи «Агротехсервис» зиёда аз 20 номгӯй техникаи кишоварзӣ ва олотҳои меҳнатро истеҳсол мекунад, ки маҳсули кори мутахассисон ва олимони худӣ ҳастанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода шуда истодаанд. Рушду нумӯи соҳа ва истеҳсоли бемайлони маҳсулоти кишоварзӣ, ки имконияти содироташон бемаҳдуд аст, боиси фаровонии дастархони аҳолӣ, пешрафту тараққиёт ва ғанӣ гардидани буҷаи давлат хоҳад шуд, - гуфт дар баромади худ вазир.