Дар гӯшаи дигари боғ ҳофизону ромишгарон табъи мардумро болида месохтанд. Дар маркази ҷашнгоҳ оташ афрӯхта шуда буд, ки чун рамзи аслии Сада – пирӯзии гармӣ бар сардӣ ҷилва мекард. Сада, яъне 50 шабу 50 рӯз то ҷашни Наврӯз аст, ки кишоварзон барои киштукор омодагӣ мебинанд.
Дар чорабинии мазкур Бобишоҳ Холзода, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Изатулло Сатторӣ, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ - Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси шаҳри Душанбе - Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ин рӯз ҳунармандону олимон бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.