- Рӯзноманигоронро мебояд, маводро тарзе омода намоянд, то шахсони гирифтори ВНМО аз ташхис ва табобат дурӣ наҷӯянд. Беэътиноӣ нисбат ба ВНМО аз ҷониби аҳолӣ ин аз иттилои кофӣ надоштани онҳост,-гуфт М. Камолзода.
Дар ҳамин ҳол, Доктор Ораш Алоӣ, машваратчии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ташхис аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ройгон аст, аммо бо сабаби оне, ки ҷомеа нисбат ба мубталошудагони ин вирус тамғагузорӣ менамояд ва онҳо аз ангуштнамо гардидани хеш ҳарос доранд. Ин далел боиси он мегардад, ки онҳо ихтиёрӣ аз ташхис даст мекашанд.