16 даста дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 майдондорӣ мекунанд, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи “В” дастаҳои бонувони Эрон, Ҳонг Конг, Лубнон, гурӯҳи “С” тимҳои Мянма, Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва гурӯҳи “D” дастаҳои Урдун Индонезия, Фаластин ва Малдив ворид гардидаанд.
Ба ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷои дуюмро ишғол кардаанд ва ҳамчунин ду дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи хуб нишон медиҳанд баъд аз натиҷагирии марҳилаи аввал ба марҳилаи дуюм роҳхат дода шуда, ба дастаҳои Узбекистон ва Ветнам мепайванданд. Марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда доир мегардад.