Дар Фестивали мазкур ҳунармандони манотиқи гуногуни кишвар маҳсули дастони хешро ба намоиш гузошта, бо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ табъи меҳмонону сокинони пойтахтро болида гардониданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур эҳёи ҳунарҳои мардумии аз байнрафта, ҷалби бештари занону бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ, муаррифии фарҳанги волои занону бонувони тоҷик ва ба мерос гузоштани таърихи пурғановати ҳунармандии миллати тоҷик ба наслҳои имрӯзу оянда арёбӣ мешавад.
Меҳмонон аз баргузории ҷашнвора изҳори қаноатмандӣ намуданд. Барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони асили санъати тоҷик аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ хуш пазируфта шуд.