Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иштироки фаъоли Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, имзои Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин, ки ба татбиқи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, бо Чин дар самтҳои барои ҷонибҳо судовар, бо роҳи ҷалби сармоя, воридоти технология ва таҷҳизот, истифодаи имкониятҳои “Хазинаи Роҳи абрешим”, таъсиси “Хазинаи сармоягузории Тоҷикистон ва Чин” барои рушди бахши истеҳсолӣ, инфрасохтор, соҳибкории хурду миёна ва туризм, ҳамкориро ба роҳ монад.
Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, пешниҳод гардид, ки миёни ҷонибҳо Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода шавад.