Барои иштирок дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳамметкалӣ Абилгазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Белорус Сергей Румас, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, намояндагони кишварҳои Эрону Муғулистон ва дигарон, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Таъкид гардид, ки таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои аъзои он мебошад. Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид дошт, ки “Омилҳои шиддатёбии таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ моро водор месозад, ки дар чаҳорчубаи Созмон таваҷҷуҳи махсусро ба муборизаи муштарак бар зидди се хатар - терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, паҳн кардани идеологияи динии радикалӣ, ҷинояткории кибернетикӣ ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, равона созем”.
«Имрӯз мо шоҳиди фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошем, ки ба амнияти минтақавӣ таҳдид мекунад. Дар робита ба ин моро зарур аст, ки ҳамкории амалиро дар муборизаи муассир бар зидди гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ, тақвият бахшем»,-иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.