Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ дар мавзеъи хушбоду ҳавои Боғи Ирам муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, таъомҳои миллӣ, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон гуфта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсян ва ҳамсарашро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд.