Ҳамчунин дар ин чорабинӣ чанд тан аз ҳунармандону фарҳангшиносони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд. Мунира Шаҳидӣ, яке аз шинохтатарин фарҳангшиноси тоҷик роҷеъ ба мавзӯи зарурати баргузории чунин фестивалро муҳим арёбӣ намуда, чунин иброз дошт:
- Беҳтарин василаи шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни ҳар миллат тамошои синамои он аст. Аз тамошои чанд филме, ки дар фестивал пешниҳод гардид, ғизои маънавӣ гирифтам. Метавон хулоса кард, ки кинои тоҷик ба рушду беҳбудӣ ниёз дорад, ҳарчанд вақтҳои охир филмҳои хуб низ таҳия гардидаанд. Ба тақвияти ин гуфта М.Шаҳидӣ иқрор шуд, ки толорҳои холии театру кинотеатрҳо гувоҳи онанд, ки талаботи мардум ба ин соҳаҳо начандон зиёд аст ва барои ҷалби бештари тамошобин ба саҳна чораҳои зарурӣ мебояд андешид.