-Дар чаҳорчӯбаи “Ҳафтаи Фаронса дар Тоҷикистон”, ки аз 17 то 22 сентябр баргузор мешавад, чорабиниҳои фарҳангӣ дар сафоратхонаи ин кишвар, “Тоҷикфилм”, бинои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, чойхонаи “Роҳат”, Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ баргузор хоҳанд шуд,-иброз дошт Ясмин Гуедар.
Ба иттилои Ясмин Гуедар, давоми ҳафтаи ҷорӣ намоиши коллексияи либосҳо ва ба маъраз гузоштани филмҳо бо забони фаронсавӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, доир ба фаъолияти осорхонаи номдори фаронсавии “Гийме” ва ҳамкориҳои археологӣ миёни Тоҷикистону Фаронса ба иштирокчиён маълумот пешниҳод мегардад. Дар ҷараёни нишаст рӯзноманигорон ба суолҳои худ посух гирифтанд.