Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ қайд намуд, ки тоҷикон харбузаро ҳазорсолаҳо пеш парвариш менамуданду он маҳсулоти дӯстдошта ва дорои витаминҳои зиёд мебошад. «Олимон муайян намудаанд, ки дар таркиби харбуза оҳан зиёд мебошаду истеъмоли он ба бисёр дардҳо давобахш аст», - қайд кард мавсуф.
Дар саҳни бозор кишоварзони навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ анвои хӯрокҳои гуногуни аз харбуза омодашуда ва меваю сабзавоти шаҳдбор ба намоишу фурӯш гузоштанд.
Дар иқлими гарму мувофиқи кишвар қариб дар аксар минтақаҳо харбуза парвариш карда мешавад. Дар маҷмӯъ дар кишвар зиёда аз 100 навъи харбуза мавҷуд аст. Соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 16 ҳазор гектар зироатҳои полезӣ парвариш карда шудааст, ки аз ин миқдор 35-40 фоизашро майдони харбузазор ташкил медиҳад.
Дар чорабинӣ навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла харбузаи «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочӯлӣ», «парсиллдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпӯчоқ», «шакарпалак», «шакарпора» ва дигар бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шуданд. Маҳсулоти кишоварзӣ - харбуза, тарбуз, каду бо нархҳои 25-30 фоиз пасттар аз бозорҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки кишоварзони мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон дар майдони 16 ҳазору 600 гектар кишти полезӣ кориданд, ки то имрӯз майдони 13 ҳазору 128 гектари он ҷамъоварӣ ва ҳосили умумӣ 314 ҳазору 627 тоннаро ташкил додааст.