Эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назриро ба ду давра тақсим карданд: «То ошноӣ бо Афсона» -ин муддат эҷодиёти шоир ба мавзӯҳои иҷтимоиву сиёсӣ бештар буд ва «Баъди ошноӣ бо Афсона» шеърҳояш дар мавзӯи ишқу олами афсона афзуд. Ёдовар мешавем, ки Афсона исми мустаори маҳбубаи шоир аст.