Тавре мавсуф зикр намуд дар давраи ҳисоботӣ аз 87 мавзеҳои таърихиву сайёҳии шаҳри Ҳисор зиёда аз 20 ҳазор сайёҳ дидан намуданд, ки аз ин шумора зиёда аз 4 ҳазорашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Қайд гардид, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар самти роҳандозӣ сохтани хатсайрҳои нави сайёҳи рушди инфрасохтори соҳа дар назар дошта шудааст.
- Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои муттамарказ ва инчунин, ҷалби сармояҳои дохилӣ бахусус соҳибкорони худи шаҳри Ҳисор сохтмони 608 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Ш.Ҷумъазода.