- 31-уми июл Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт қарореро қабул кард, ки ширкати «Авеста Групп» масъули тарҳи мазкур мебошад. Корхона бо маблағи 20 миллион доллари амрикоии ширкати туркӣ сохта мешавад ва солона то 200 адад автобус тавлид менамояд, ки ин дар марҳилаи аввал мебошад. Дар марҳилаи дуввум тавлиди мошинҳои боркаши иқтидорашон аз 3 то 8 тонна ва микроавтобусҳои тамғаи «Мерседес» пешбинӣ гардидааст,-гуфт Ф.Ҳамрализода.
Бояд гуфт, айни ҳол дар пойтахт бештари автобусҳои ҷамъиятӣ дорои тамғаи "AKAI" ва "ISUZI" мебошанд. Дар шаҳри Душанбе автобусҳои тамғаи "AKAI" бо қисмҳои эҳтиётие, ки аз Туркия ворид мегарданд, насб карда мешавад.