Бино бар гуфти Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ 2 ҳазору 202 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб одамкӯшӣ-47, роҳзанӣ-19, ғоратгарӣ-108, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-66, авбошӣ-501 ва дуздӣ-2856 ҳолатро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, 1483 ҷинояти қаллобӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 1136 нафар ҷинояткори мавриди ҷустуҷӯ қарордошта дастгир ва 361 нафар ашхоси бедаракгардида дарёфт шудаанд. Вазир аз он изҳори таасуф намуд, ки ҷиноят миёни ноболиғон зиёд гардида, бархе аз волидон дар тарбияи фарзанд беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.
- Ин боис мегардад, ки онҳо ба шабгардӣ машғул шуда, даст ба ҳар гуна ҷиноят, ҳатто куштор бизананд. Мутаасифона, дар нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби ноболиғон 555 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳолат зиёд аст,-қайд кард Раҳимзода
Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 592 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 171 нафар ҳалок ва 604 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.