– Кӯдаконро замоне ба беморхона меоранд, ки аллакай беморӣ хуруҷ намудаву дер шудааст ва бемор дар ҳолати ниҳоят сангин қарор доран. Дар ин ҳолат барои табибон мушкил аст саломатии онҳоро барқарор намудан, - иброз дошт номбурда.
Ба таъкиди С.Умарзода қисми зиёди занҳои ҳомила низ дар вақташ аз назорати таббӣ намегузаштаанд, ки дар бештар маврид ин боиси вазнин шудани ҳолати онҳо ҳангоми таваллуд мегардидааст. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ фавти модару кӯдак дар шаш моҳи соли ҷорӣ то андозае кам гардидааст.
- Дар 6 моҳи соли 2018 - нишондоди фавти кӯдакони то синни 1 сола 14,7 фоиз ва кӯдакони то синни 5 сола 18 фоиз баробар гардид. Нишондоди фавти модарон бошад, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 28,3 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017 3,2 фоиз кам мебошад, - қайд кард муовини вазир.