Мавсуф зикр кард, ки дар ин давра қисмати зиёди парвандаҳо ба истифодабарии замин ва муносибатҳои қарзӣ рабт мегиранд. Сабаби зиёд шудани баррасии парвандаҳои иқтисодиро М.Қаландарзода дар баланд шудани маърифати ҳуқуқии сокинон медонад.
Гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби судҳои иқтисодӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 9,7 миллион сомонӣ ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонидашуда ворид карда шудааст.
-Дар ин давра ягон даъво нисбат ба фаъолияти судяҳои Суди олии иқтисодӣ ворид нагардидааст, - таъкид дошт М. Қаландарзода.