Номбурда иброз дошт, ки 56 адад пойгоҳҳои обкашонӣ аз фаъолият боз мондаанд. Ва барои барқарор намудани ин пойгоҳҳои обкашонӣ 2 миллиард сомонӣ зарур аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ қарори ҷудо кардани 51 миллион сомониро барои солҳои 2019-2023 ба нақша гирифтааст, ки барои беҳтар намудани ҳолати заминҳо равона карда мешавад.
- Дар доираи ҳамкориҳо байналмилалӣ Агентии беҳдошти замин 2 нафар корманро барои такмили ихтисос ба давлати Япония ва Хитой равон кардааст,- иброз дошт Х. Раҳмон.