Аз ҷумла мавсуф сари мавзуи манъи рафтани занон ба масоҷид чунин ибрози назар кард: «Аслан дар мо мавзуи рафтани занон ба масҷидҳо чандон қобили баҳс нест. Зеро мардуми мо ин амалро қабул надоранд. Дар мазҳабамон низ он ҳатмӣ нест. Дар кишварҳои ҳамдини мо, аз ҷумла давлатҳое, ки низоми идоракуниашон исломӣ аст, занҳо ба масҷид намераванд. Мисоли возеҳи он ҷумҳуриҳое назири Афғонистон ва Покистон мебошанд».
Зикр гардид, ки Кумита ба тартиботи дохилии иттиҳодияҳои динӣ ҳаққи мудохила карданро надорад. Онҳо тартиботи дохилиашонро дар асоси эътиқод ва боварӣ муайян мекунанд. Ба масҷид рафтан ё нарафтани занҳоро дар кишвар қонун танзим накардааст. Занҳо дар кишвари мо озоданд.