Вобаста ба паст гардидани қурби пули миллӣ - сомонӣ нисбат ба доллари америкоӣ ва ба беш аз 1000 сомонӣ расидани 100 доллари ИМА овозаҳои зиёде ба гӯш мерасанд. Бархеҳо тахмин мезананд, ки то охири соли равон эҳтимол қурби доллари америкоӣ баланд шавад.
- Ин назари шахсии таҳлилгарони алоҳида аст. Мо барои мустаҳкам нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар муқоиса ба доллар чораҳои мушаххас андешида истодаем, - иброз дошт Ҷ.Нурмуҳаммадзода.
Бино бар иттилои Бонки миллӣ дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ курби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 3,8 фоиз коҳиш ёфт. Тағйирёбии қурби доллари ИМА дар нимсолаи аввали соли 2018 бо сабаби паст шудани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари америкоӣ, зиёд гардидани тавозуни манфии савдо, афзудани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ, афзоиши хароҷотҳои асъории буҷети давлатӣ барои сохтмони иншооти муҳими стратегӣ ва таъсири омилҳои мавсимӣ ба амал омадааст.