Мавсуф зикр намуд, ки бахши маҳсулоттайёркунии кооператсияи матлубот фаъолияти худро ба ташкили захираҳои кишоварзӣ нигаронида, ҳадафи он баҳри то ҳадди имкон ба эътидол овардани нархи маводу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар бозорҳои ҷумҳурӣ мебошад.
- Бинобар ин, кормандони бахши маҳсулоттайёркунии соҳа ҳамасола баҳри захираи ҳарчи бештари маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, бахусус маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳолӣ ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулот оид ба парвариш намудану ба соҳаи кооператсия супоридани он бо нархи муайян шартномаҳо мебанданд. Дар натиҷа қариб 20 навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ харидорӣ мегардад, - қайд кард Ҳ.Идиев.
Инчунин зикр гардид, ки баҳри таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар соҳа 32 идораи худмаблағгузори маҳсулоттайёркунӣ таъсис дода шудааст.