- 23 нафар аз ҳисоби бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Инчунин, сардорони воҳидҳои сохтории бонк 66 нафар, ки аз он 30 нафар муовини сармуҳосиб, 16 нафар мудири хазина, 20 нафар дар вазифаҳои сардори идора ва шуъбаҳои воҳидҳои сохторӣ кор карда истодаанд. Дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ бошад, 222 нафар зан кор мекунанд,-гуфт раиси бонк.
Бояд қайд намуд, ки аз санаи 1-уми марти соли ҷорӣ дар бонк хизматрасониҳои «интернетбонкинг» ва «мобилнибонкинг» ҷорӣ гардидаанд. Тавассути он пардохти ғайринақдии ҳаққи истифодаи барқ, об, шабакаи интернет ва дигар намуди хизматрасониҳо амалӣ карда мешаванд, ки ҳама тавассути телефони мобилӣ ва корти миллӣ сурат мегирад.