Ба иттилои раиси Суди олӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон як нафар мард ба ҳукми абад маҳкум шудааст. Ба суоли оё миёни ҷинояткороне, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, занҳо низ дида мешаванд, номбурда чунин посух дод:
- Дар моддаи 51 (якумра маҳрум сохтан аз озодӣ), қисми 2, прим 1-и Кодекси ҷиноятӣ омадааст, ки якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба занон, инчунин шахсони то синни 18 солагӣ ҷиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм аз тарафи суд ба синни 63 расидаанд, таъйин карда намешавад.
Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 як нафар судя бо ҷурми содир намудани ҷинояти корупсионӣ ба мӯҳлати 7 сол равонаи зиндон гардидааст. Инчунин, нисбат як нафар судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ бо ин ҷурм оғоз ва тафтишот идома дорад.
Ш.Шоҳиён ёдовар шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ҷурми гирифтан ва додани пора, нисбат ба 48 нафар 40 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.