Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Шерхон Салимзода зимни нишасти матуобии ниҳодаш хабар дод.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар ҷумҳурӣ 536 ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 ҷиноят, ё 14,5 фоиз зиёд мебошад.
- Соли 2017 барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 30 нафар зан маҳкум гардиданд, ки нисбат ба соли 2016 – 9 нафар зиёд мебошад, - гуфт Ш.Салимзода.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар маҷмуъ 515 нафар бо ҷурми ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир маҳкум гардиданд, ки аз ин шумор 9 нафарро занон ташкил медиҳанд.