- Ба ҷуз квотаҳои президентӣ, бо кишварҳое, ки мо созишномаҳои дутарафа дорем, квотаҳо ҷудо мегарданд. Аз ҷумла аз ҷониби Федератсияи Русия 618, Ҷумҳурии халқии Хитой 182, Ҷумҳурии Қазоқистон 50 квота, 40 ҷой дар сатҳи баклавриат, 10 ҷой дар сатҳи магистратура. Миқдори квотаи Ҷумҳурии Қирғизистон 50 ададро ташкил медиҳад, ки 25 ҷой барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва 25 ҷойи дигар барои қирғизтаборони ҷумҳурӣ муқаррар шудааст. 8 квота аз Ҷумҳурии Белорусия, 5 ҷой барои бакалавриат, 2 ҷой барои магистратура ва 1 ҷой барои таҳсил дар сатҳи аспирантура ё ин ки доктар PHD, 20 квотаи дигар аз ҷониби Ҷумҳурии Украина дар ин сол ҷудо карда шудааст, - иброз дошт Р. Мирбобоев.
Бино бар иттилои номбурда ҳамин гуна квотаҳо аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Белорусия, Россия ва Ҷумҳурии халқии Хитой низ ҷудо мешавад.