Тавре З. Ализода зикр намуд дар нимсолаи соли ҷорӣ ба ВҲИ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1691 ариза ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 571 камтар буда гувоҳи он аст, ки бештари масъалаҳо дар мақомотҳои зиддахл ҳаллу фасли худро ёфта истодаанд.
Инчунин қайд гардид, ки аз 23 адад аризае, ки ба аппарати марказӣ ворид гардидааст пурра ҳалли мусбии худро ёфтаанд.
Ба гуфтаи Ализода, бештари муроҷиатҳо ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ба таъминоти кӯдак (алимент) ва ғайра рабт мегиранд.