- Дар соли таҳсили 2017- 2018 теъдоди донишҷӯён 5259 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 1153 нафар духтар мебошанд. Инчунин, дар ин сол 950 нафар донишгоҳро хатм намуданд, миёнашон 16 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд,- иброз дошт Ҳ.Фақеров.
Қайд карда шуд, ки дар доираи шартнома бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар соли таҳсили 2017 - 2018 31 нафар барои идомаи таҳсил ба давлатҳои хориҷ сафар кардаанд.