- Дар рафти назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 1926 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 124 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳамчунин, 214 нафар барои иҷро накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. Миёни ин нафарон мансабдорон низ ҳастанд, ки нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст,-гуфт прокурори генералӣ зимни нишаст.
Маълумот дода шуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки наздики 4 ҳазор ададаш аз ҷониби мақомоти прокуратура ошкор гардидааст.