Ҳамоишро муовини вазири тандурустӣ Саида Умарзода ифтитоҳ намуда, дар рафти он роҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, Сардори дафтари намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва Сафири Япония дар ҷумҳурӣ Хадиме Китаока суханронӣ намуданд. Ҳамагон дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки дар баробари ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо низ шахсони дорои маъюбиятро танҳо нахоҳанд гузошт, бахусус барои бо ҷои кор таъмин намудани онҳо барномаҳои мукаммалро рӯи даст хоҳанд гирифт.
Баъди анҷоми қисмати расмии чорабинӣ барномаи васеи фарҳангӣ оғоз шуд, ки дар он ширинкорон Аловуддин Абдуллоев ва Маҳмадулло Кабиров, овозхони шинохта Матлуба Раҳимова ҳунарнамоӣ карданд. Рақс бо аробачаҳои маъюбӣ дар иҷрои Доробшоҳи Садриддин ва Шаҳзода Султонбоева яке аз диданитарин қисмати барномаи фарҳангӣ унвон шуд. Дар охир намунаҳои тозаи ҳунари тарроҳи шинохта Нигина Икромова, ки худ маъюб аст, пешкаши тамошобинон гардид. Ҷамъомадагон корҳои анҷомдодаи ӯро ҳамроҳи духтаракони ҳамқисматаш, яъне маъюбони дигар бо шавқ тамошо карданд.