Муовинони сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев ва Адолат Абураҳмонзода ба суолҳои намояндагони ВАО роҷеъ ба баланд будани нархномаҳои хизматрсониҳои интернетӣ ва заиф будани суръати он, муддати 2-3 моҳ тӯл кашидани мактубҳои ирсолшуда тариқи «Почтаи тоҷик» ва назорати заиф аз болои фурӯши ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ посухҳои мушаххас гуфта, пешниҳод сохтанд, ки дар мавриди қаноатбахш набудан аз хизматрасониҳои ниҳодҳои мазкур шаҳрвандон метавонанд бо далелҳои дар дастдошта ба онҳо муроҷиат намоянд ва бо онҳо ҳамкорӣ намуда, баҳри беҳтару хубтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат намоянд.