Тибқи шаҳодатнома минбаъд ситорае дар кайҳон ба шарафи эҷодиёти шоираи шинохта, хоса силсилаи ахбори ӯ «Ҳафт ахтар» унвони «Зулф»-ро гирифтааст.
Иқдоми мазкурро маркази ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн – дар зодрӯзи шоираи тоҷик таҳти рақами 25290¬_415 ба қайд гирифта, тулӯи мутсақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 ◦38’18.97” муайян намудааст.
Зулфия Атоӣ аз зумраи занони фаъол ва яке аз адибони машҳури тоҷик аст, ки шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, туркманӣ, гурҷӣ, франсузӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайраҳо тарҷумаву интишор ёфтаанд.