Дар ҷамъомад масъалаҳои вохӯрӣ бо коршиносон ва сиёсатмадорон бо маъюбон, мулоқот бо ташкилотҳои шахсони маъюб, мулоқот бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардид.
Коршиносони маъюбиятдошта аз мамлакатҳои Белгия, Финландия, Ирландия, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Булғористон, Русия ва Тоҷикистон ҳузур доштанд. Дар байни онҳо - як узви Парлумони Аврупо, узви собиқи Парлумони Туркия ва барандаи ҷоизаи байналмилалии занона барои ҷасорат, ноиби Президенти Форуми Аврупо оид ба шахсони маъюб, узви Кумитаи миллии Украина оид ба варзиш барои шахсони маъюб ва дигар коршиносони ҳузур доштанд.