06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВНМО: ҲОЛАТҲОИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА МЕШАВАНД

 

Дар конференсияи мазкур зиёда аз 120 нафар, намояндагон аз Ҳукумати Тоҷикистон, Парлумон, вазорату идораҳо, ҷомеаи дин, соҳаи тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Декларатсияи сиёсии СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (солҳои 2001, 2006, 2011, 2016) пайрав буда, Тоҷикистон ба амалисозии Стратегияи Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО ва БПНМ (ЮНЭЙДС) барои солҳои 2016-2021 «Пурзӯр намудани чорабиниҳо барои барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ» шурӯъ кардааст. Ҳадафҳои асосии стратегияии мазкур ин барҳамдиҳии эпидемияи БПНМ дар сатҳи ҷаҳонӣ то соли 2030 мебошад.

Дар конференсия иштирокчиён натиҷаҳои чорабиниҳоро оид ба муқовимат бар зидди эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, масъалаҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии ЮНЭЙДС-ро то соли 2020 дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Масъалаҳои вазъи сироят ва мушкилҳо вобаста ба ВНМО, аз ҷумла муаммоҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни фаъолият ба миён меоянд, муҳокима гардида, ҳадафҳои нав ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои конференсия санадҳои ҳуқуқии дахлдор қабул карда мешаванд.

- Бисёр муҳим аст, ки хизматрасониҳои баландсифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ барои ҳар як нафар дастрас бошад ва ҳеҷ кас бетаваҷҷуҳ намонад. Бе риояи ҳуқуқҳои инсон ва пеш аз ҳама ҳуқуқ ба солимӣ, расидан ба ҳадафҳои амбитсионӣ ғайриимкон аст, - қайд намуд директори ЮНЭЙДС дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Виней Салдана.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз рӯи маълумотҳои расмии оморӣ 1207 ҳодисаҳои нави сирояти ВНМО дарёфт гардиданд. Аз январ то марти соли 2018 - 321 ҳодисаи нави ВНМО муайян гардид. Аз ҳар 3 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО 2 ҳодисаи сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сурат гирифтааст. То 90 фоизи сироятёфтагон бо ВНМО асосан шахсони дар синни репродуктивӣ (15-49 сола) қарордошта мебошанд. То 1 апрели соли 2018 шумораи шахсони гирифтори ВНМО дар ҷумҳурӣ 7 827 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 5 220 нафарашон табобати зиддиретровирусӣ мегиранд. Чунин табобат солимии беморон ва бардавомии ҳаёти онҳоро таъмин намуда, барои нигоҳдории қобилияти меҳнатӣ ва пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад.

 

:.  Хабарҳо 26.06.2018 12:03 1105

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz