Дар конфронси мазкур зиёда аз 100 нафар намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд. Масъулини конфоронс дар мавриди таъсисёбии нахустин сомонаи иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки барои дастрас кардани грантҳо, дарёфти шарикони байналмилалӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба онлайн-омӯзишҳои ройгон сомонаи иҷтимоии www.ngo.tj бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ва мубодилаи иттилоот миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин оид ба аввалин веб-академияи Тоҷикистон www.omuz.tj дар мавриди бо омӯзиши ройгон фаро гирифтани ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва кормандони муассисаҳои давлатӣ иттилооти муфид пешкаш гардид.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон бо дастгирии молиявии сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар Қазоқистон доир гардид.