Маҳаки асосии мулоқотро масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ ташкил дод.
Президенти кишвар аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.
Барои кам намудани хавфҳои фискалӣ минбаъд низ зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Бонк дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ муҳим аст, - таъкид шуд дар мулоқоти ҳарду ҷониб.