САҲА ҷиҳати расонидани кӯмак ба рушди устувори захираҳои об баҳри баланд бардоштани сатҳи амният, шукуфоӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамкори деринаи Ҳукумати Тоҷикистон аст, - иброз дошт сафир Вук Жугич, ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар рӯзи дуюми конфронс, 21-уми июн САҲА дар якҷоягӣ бо Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид мусоҳибаҳо марбут ба Панели амалҳо доир ба ҳамкории фаромарзӣ ва дипломатия, ки вобаста ба масъалаҳои захираҳои об аст, баргузор кунанд.