Ҳадафи Рушди устувор : «Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама » тасдиқи ин уҳдадории байналмилалӣ аст. Бахшида ба Конфронси байналмилалӣ сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» имрӯз форуми кӯдакона оид ба масъалаҳои об Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» баргузор гардид.
Дар кори Конфронс ҷаноби Лучиано Калестини, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Нуриддин Саид- вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пратибха Меха-ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд Дар форуми кӯдакона оид ба масъалаи об, мавзӯъҳою масоили Рушди бармаҳали кӯдакон, об санитария гигиена ва ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти об мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар интиҳо ба муаллифони 3 лоиҳаи инноватсионӣ мукофот тақдим карда шуд.