Тавре муаллиф иброз намуд китоб мазкур дар аввал на барои чоп, балки барои ҷавонон ва бахусус фарзандонаш, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар хориҷ аз кишвар буданду аз асли хеш бехабар таълиф шуда буд.
- Бо оғоз гардидани нобасомониҳо маҷбур шудам, ки оилаамро ба хориҷа фиристам. Вақте ба аёдати онҳо мерафтам, мушоҳида мекардам, ки фарзандонам аз урфу одати миллати худ бехабар мемонанд. Ҳамон вақт дар сари ман ин андеша, ки бояд чизе нависам, ки онҳо бо асли хеш ошно шаванд, пайдо шуда буд, - мегӯяд муаллиф.
Китоб бо сифати баланд ва коғази хушсифати офсетӣ дар матбааи «Мастер - принт» нашр шудааст ва ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.