Мавзӯи асоси нишаст барномаи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ» унвон шуд, ки аз соли 1993 инҷониб дар назди ҷамъият роҳандозӣ мешавад. Сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо яке аз мавзуҳои марбут ба ҳамин барнома буд, ки фикру андешаҳои зиёдро ба бор овард. Қайд гардид, ки дар тӯли солҳои фаъолияти барнома теъдоди зиёде аз оилаҳо робитаҳои гумшудаи худро тавассути кормандони ҷамъият барқарор намуда, инчунин ба оилаҳои зиёд кӯмакҳои равонӣ расонда шуд.